【塔吉克语】中国媒体采访了拉赫蒙总统!
2019年4月22日,中国知名媒体对塔吉克斯坦总统拉赫蒙进行了采访,塔吉克语报道如下,作为学习塔吉克语的材料发布于此。中塔两国友谊万岁!
Мусоҳиба бо хабарнигорони
расонаҳои иттилоотии Ҷумҳурии Мардумии Чин
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ(民族和平与团结的创始人) - Пешвои миллат(民族的领袖), Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони шабакаителевизиони “Сиситивӣ” (CCTV-русӣ), рӯзноманигорони Агентии иттилоотии “Синхуа”ва нашрияи бонуфузи “Женмин Жибао”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мусоҳиба анҷом доданд.
Тоҷикистон ва Чин ҳамсояҳои наздик(近邻) ва шариконибоэътимоди стратегӣ мебошанд. Самтҳои асосии ҳамкории дуҷонибаро бахшҳои сиёсӣ(政治),иқтисодӣ(经济), тиҷоратӣ(贸易) ва фарҳангию(文化) гуманитарӣ ташкил медиҳад. Ҳар ду ҷониб(双方) дарарсаи байналмилалӣ (国际)ҳамкории босамарро ба роҳ монда, аъзои ташкилотҳои бонуфузиолам, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Шанхай(上合组织) мебошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои фаъоли узвиСозмони Ҳамкории Шанхай ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон яке аз роҳбарони ташаббускори ҳалли мушкилоти байналмилалию минтақавӣ,инчунин саҳмгузори рушди муносибатҳои ҳамкории кишварҳои аъзо мебошад.
Роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонҳамеша ҷонибдории худро оид ба рушду густариш ва таҳкими муносибатҳо бо Чин дарҳалли масъалаҳои глобалӣ ва татбиқи ҳадафҳои созандаи ҷонибҳо бар нафъи аҳлибашар иброз медоранд. Аз ҷумла, кишвари мо ҷиҳати рушду тавсеаи бештариҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ дар доираи ташаббуси таърихии “Як камарбанд-як роҳ”ва эҳёи “Роҳи бузурги абрешим” ҳавасмандии зиёд зоҳир намуд.
Бо дарназардошти мавқеъи муҳимму устувори кишваримо дар амалӣ кардани ҳадафи ояндадори ташаббуси “Як камарбанд-як роҳ”(一带一路)хабарнигорони шабакаҳои бонуфузи иттилоотии Чин қабл аз баргузории ҳамоишисарони давлатҳои Тоҷикистон, Чин ва дигар кишварҳои иштирокчии ин иқдом дарҶумҳурии Мардумии Чин, бо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳриДушанбе мусоҳиба анҷом доданд.
Зимни суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон оид ба ҳадафҳо ва афзалияти ташаббуси “Як камарбанд-як роҳ” дар таъминирушди устувору бемайлони иҷтимоию иқтисодии кишварҳо, дар бораи аҳамиятибаргузории ҳамоиши сарони давлатҳо, вазъи феълии муносибатҳои дӯстию ҳамкориикишварҳои шарики стратегӣ - Тоҷикистону Чин, саҳми Тоҷикистону давлати ҳамсоядар таҳкими ҳамкории минтақавӣ ба манфиати мардумони ду кишвар, инчунин дигарсамтҳои равобити дуҷониба, ба саволҳои хабарнигорони Чин посухҳои мушаххасупурмуҳтаво доданд.
Мавриди зикр аст, ки мусоҳибаи Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони чинӣ дар Шабакаителевизиони ССТV-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, дар сомонаҳои интернетӣ, Агентиииттилоотии “Синхуа”, дар рӯзномаи калонтарини Чин “Жэнмин Жибао” ва дигарвасоити ахбори омма ба таври васеъ инъикос гардид ва то имрӯз аллакай миллионҳонафар аз мазмуну муҳтавои ин суҳбат огаҳӣ пайдо карданд.(д)
如果你看不清当下, 就读读历史, 因为历史上曾发生过。
如果你看不懂历史, 请看看当下, 因为历史正在重演!
转载请注明出处!
本人微信号:CCCPTJ
本人网站:www.tojiko.cn
一切为了中塔友谊!
塔吉克人的世界,
世界的塔吉克人!